Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бенин (Африқои Ғарбӣ) баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Бенин дар СММ ҷаноби Жан-Франсуа Зинсу имзо намуданд.

Пас аз маросими имзо сафирони Тоҷикистон ва Бенин дар мавриди масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар ва масъалаҳои мухталифи рӯзномаи СММ мубодилаи афкор намуданд.