Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон, барои баргузор намудани маъракаи интихоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3-и шаҳри Душанбе, ки ба санаи 18-уми декабр пешбинӣ мешавад, комиссияи интихоботии ҳавзавӣ ташкил гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси комиссияи интихоботии ҳавзавии мазкур Абдулло Холиқов хабар дод, ба ҳайати комиссияи интихоботии ҳавзавӣ намояндагони 8 ҳизби сиёсии амалкунандаи ҷумҳурӣ шомил гардиданд.

«Комиссияи интихоботии ҳавзавӣ 49 комиссияҳои интихоботии участкавӣ ташкил дод, ки 38-то аз он дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансур ва 11-тояш дар қаламрави ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгиранд, зеро қисмате аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ ба ҳавзаи интихоботии №3 дохил мешавад», - зикр кард Холиқов.

Ба қавли ӯ, мутобиқи қонунгузории кишвар оид ба интихобот, айни замон мулоқоту вохӯриҳои номазадҳо ба вакилӣ бо интихобкунандагон ҷараён дошта, ҳамчунин рӯйхати интихобкунандагон мавриди санҷиши дақиқ қарор дорад. Бино ба маълумоти пешакӣ, шумори умумии интихобкунандагон дар ин ҳавза 68 ҳазору 489 нафарро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки ба сифати номзад ба вакилӣ аз ин ҳавза намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тоҷир Сӯҳроб Оймаҳмадов ва ғайриҳизбӣ, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  Абдуқаҳҳор Турсунов ба қайд гирифта шуданд.

Пас аз даргузашти вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сафаралӣ Раҷабов ҷойи як вакил аз ҳавзаи интихоботии мазкур холӣ монд.