Чанде қабл дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо раиси гурӯҳи ширкатҳои молиявӣ-сармоягузории KASB-и Покистон Носир Алӣ Шоҳ Бухорӣ масоили вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дипломати тоҷик таъкид кард, ки дар робита ба сатҳи нав касб кардани муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ, зарурати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар бахшҳои сохтмону таъсиси корхонаҳои муштарак ва сармоягузории ҳадафнок ба бахшҳои мушаххаси иқтисоди Тоҷикистон ба миён меояд.
Носир Алӣ Шоҳ Бухорӣ аз ин пешниҳодот пуштибонӣ намуда, зир кард, ки гурӯҳи ширкатҳои молиявӣ-сармоягузории KASB оид ба сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисод аз имконоти молии хуб ва таҷриба ғанӣ бархӯрдор аст.
«KASB метавонад ба рушди бахшҳои молиявиву бонкӣ, иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла нафту газ, бахши сайёҳӣ, ҳамлу нақли бор ва роҳандозии хатсайри ҳавоии мустақим миёни кишварҳо мусоидат намояд», - гуфт ӯ.
Раиси KASB ҳамчунин изҳор кард, ки роҳандозии муносибатҳои корӣ бо Агентии захираҳои давлатии Тоҷикистон ва ташкили интиқоли маҳсулоти ғизоӣ аз Покистон ба Тоҷикистон ба нафъи ҳарду ҷониб аст.
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста