Имрӯз дар шаҳри Теҳрон Мулоқоти 16-уми сарони давлатҳои аъзои Ҳаракати адами тааҳҳуд ба кори худ оғоз намуд, ки дар он дар баробари роҳбарони як зумра давлатҳои ҷаҳон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дорад.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ин ҳамоиш 24 президент, 3 шоҳ, наздики 80 роҳбари ҳукумат ва ё вазорат аз кишварҳои манотиқи гуногуни ҷаҳон ва намояндагони воломақом аз созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ширкат меварзанд.
Ҳаракати адами тааҳҳуд созмони байнулмилалӣ буда, соли 1955 таъсис ёфтааст. Ба ҳайати он 118 кишвар шомиланд, ки ҳамроҳ нашудан ба ҳеҷ кадоме аз эътилофу иттиҳодҳоро эълом доштаанд. Нишастҳои ҳаракат дар сатҳи сарони кишварҳои узв 15 маротиба доир гаштаанд.
Нишасти охирини ин Ҳаракат аз 11 то 16-уми моҳи июли соли 2009 дар Миср баргузор шуд. Ҳайати Ҳаракат аз 53 кишвари Африқо, 39 давлати қораи Осиё, 26 кишвари Амрикои Лотинӣ ва 1 давлати Аврупо иборат аст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста