- Баъзе овозаҳо атрофи бо истифода аз имконоти техникии студияи телевизионии шаҳри Тошканд аз ҷониби кормандони телевизиони Ӯзбекистон мустақиман пахш шудани ҷараёни Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд, - изҳор дошт ба ОИ «Азия-Плюс» журналисти маъруфи тоҷик, он замон сармуҳаррири телевизионии вилоятии ТВ «Ленинобод» Илҳоми Ҷамолиён.
Ба қавли вай, тамоми маводи иҷлосия аз ҷониби кормандони шабакаи телевизиони ТВ «Ленинобод» таҳия гардида, сипас ин мавод ба ихтиёри телевизиони марказии Тоҷикистон гузошта мешуд.
«Изҳороти чанде аз сиёсатмадорон бобати мустақиман пахш шудани ҷараёни иҷлосия низ бепояанд, зеро рафти иҷлосия нахуст дар Қасри Арбоб сабт шуда, дар студияи телевизиони Хуҷанд таҳия ва сипас ба Душанбе фиристода мешуд», - гуфт рӯзноманигор.
Илҳоми Ҷамолиён таъкид дошт, ки вазъи сиёсии он замон дар Душанбе ва мушкилоти убури ағбаҳо имкон намедоданд, ки таҷҳизоти муосири техникӣ ва мутахассисон аз Душанбе ба Хуҷанд фиристода шаванд.
«Ба телевизиони вилоятӣ яке аз муовинони Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати мушовир фиристода шуда буд ва мо кӯшиш мекардем, ки ҷараёни пурраи иҷлосияро намоиш дода, оид ба тамоми рӯйдоди атрофи он гузоришҳо таҳия созем ва ба назарам, мо ба ин муваффақ ггардидем», - афзуд номбурда.
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста