Рӯзи 23-юми июн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Давлати Кувайт рафт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар бо Волоҳазрат Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ – Амири Давлати Кувайт дидор ва гуфтушунид карданд. Дар ҷараёни гуфтушуниди Сарони давлатҳои ду кишвар, ки дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор шуд, мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи муштарак ва ҳамчунин масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Нишони олии Муборак дараҷаи 1 супорид ва Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мукофоти олии Тоҷикистон – Нишони Исмоили Сомонӣ супорид.

Ҳамчунин дар мулоқотҳои ҷудогонаи Меҳмони олиқадр бо Валиаҳд Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва Сарвазир Шайх Ҷобир Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ роҷеъ ба дурнамои муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталиф табодули назар сурат гирифт.

Дар хотимаи гуфтушуниди расмӣ маросими имзои санадҳои зерин баргузор гардид:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Кувайтии Рушди иқтисоди араб.

Гуфта мешавад, зимни мулоқотҳои дигари сарвари давлати Тоҷикистон ва аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ҳарду кишвар имзои асноди дигари ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Кувайт дар назар аст.