Нимаи дуюми имрӯз дар маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдати пойтахт Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши занон дар ноил гардидан ба сулҳу созиш дар кишвар» конфронси умумиҷумҳуриявӣ доир менамояд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, дар конфронс доир ба ин мавзӯъ роҳбари шуъбаи ҲХДТ оид ба кор бо занон Фирӯза Шарифова, роҳбари фраксияи ҲХДТ дар палатаи поёнии парлумон Махфират Хидирова, фаъолони ҳаракати занон дар кишвар ва ҳамчунин намояндагони ҷавонони донишҷӯи пойтахт ибрози назар мекунанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 217 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.