Масоили воридоти маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи гумрукӣ аз ФР ба ҶТ, шартҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия, таҷҳизонидани техникии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз зумраи мавзӯъҳоест, ки дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин баррасӣ хоҳанд шуд. Чунин ақидаро дар сӯҳбат бо Хабаргузории «Азия-Плюс» сиёсатмадори тоҷик, муовини директории Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати ҶТ Сайфулло Сафаров баён дошт. Вохӯрии мазкур дар моҳи авгусити соли ҷорӣ анҷом хоҳад ёфт.

Ӯ таъкид дошт, ки муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия ҳамеша дар сатҳи басе баланд қарор доштанд ва сарфи назар аз ин, баъзан масъалаҳо ва мушкилиҳое пеш меоянд, ки танҳо зимни сӯҳбати шахсии раисиҷумҳурон ҳалли худро меёбанд.

«Зимни мулоқоти дар пеш истода масъалаи будубоши пойгоҳи низомии 201-ум дар қаламрави Тоҷикистон муҳокима намешавад. Бовар дорам, ки масоили марбут ба муҳоҷирони тоҷик, таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи гумрукӣ ва таҷҳизонидани артиши Тоҷикистон дар ҷараёни иҷлосияи тирамоҳии палатаи поёнии порлумони кишвар ҳалли худро меёбад»,- гуфт Сафаров.

Сиёсатмадори дигари тоҷик, муовини раисраиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳаит дар мусоҳиба таъкид кард, ки дар ҳошияи мулоқоти қарибулвуқӯъ ба ғайр аз масъалаҳои зикршуда мавқеъи Русия дар мавриди интихоботи президенти Тоҷикистон, ки тирамоҳи соли ҷорӣ муқаррар шудааст, маълум мегардад.

«Бисёре аз коршиносони тоҷик ва рус ҳамфикр буданд, ки дар оғози моҳи август Русия мавқеашро дар мавриди номзад ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон муайян мекунад ва онро Кремл ҷонибдорӣ мекунад. Ин пешгӯи ҷомаи амал мепӯшад»,-зикр кард Ҳаит.

Ӯ гуфт, воқеати имрӯзаи Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки дар кишвар ба ақидаи Кремл дар бораи сарвари ояндаи Тоҷикистон кам касон таваҷҷӯҳ доранд ва яқинан мавқеи Маскав дар робита ба интихоботаҳамияте надорад.

«Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба он, ки Русия кадом номзадро дастгирӣ мекунад, аҳамияти кам медиҳанд. Воқеати кишвари мо чунин аст, ки мардум тағйироту дигаргуниҳо, зиндагии арзанда ва кори муносибро мехоҳанд»,-қайд кард Ҳаит.