Таҳлилгари маҷаллаи Forbes Ҳилари Крамер гузориши навбатиеро таҳти унвони «Таҳкими сулҳ тавассусти рушди иқтисод» ба пуштибонӣ аз НБО-и Роғун ва сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Рамҳон интишор  кардааст.

Крамер менависад, ки Тоҷикистон аз захоири обӣ бой аст, аммо онҳоро ба қадри пурра истифода намебарад: «Азбаски бештар аз 90% қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бе чуну чаро об дар ин кишвар дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаровон аст. Аммо қисмати бештари захираҳои обӣ истифода намешаванд ва Тоҷикистон айни ҳол фақат панҷ дарсади иқтидори гидроэнергетикии худро истифода мебарад. Об ҳаст, аммо инфрасохтор нест».

Ба қавли вай, дар давраи зимистон 70 дарсади тоҷикистониён дучори камбуди барқ мешаванд, ки дар робита бо он хонаводаҳои тоҷик, хусусан дар деҳаҳо барои омода кардани хӯрок, гарм кардани манзили истиқоматӣ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва кӯдакон бегоҳирӯзӣ имкони тайёр кардани дарсҳо ва мутолиаи китобҳоро надоранд.

«Бисёре аз корхонаҳои саноатӣ низ дар Тоҷикистон аз сабаби буҳрони энергетикӣ танҳо аз 6 то 7 моҳ дар як сол фаъолият мекунанд, ки ин омил саъю кӯшиши ҳукуматро ҷиҳати коҳиши сатҳи қашшоқӣ, ташкили ҷойҳои кории доимӣ ва беҳбуди сатҳи ҳаёти мардум барбод медиҳад. Ҳамасола 1,5 млн. мардони тоҷик ба Русия сафар мекунанд, то ин ки кор пайдо кунанд ва оилаҳои худро таъмин намоянд»,-менависад ин тањҳилгар.

Крамер ҳалли мушкилии тоҷикистониёнро дар анҷом ёфтани лоиҳаи НБО-и Роғун мебинад. «Тоҷикистон билохира бо бунёди пурраи Роғун имконот барои рушду тараққӣ дар соҳоти мухталиф, аз ҷумла дар бахши энергетикӣ, рушди минбаъдаи инфрасохторҳо, инкишофи захираи кадриро дар Тоҷикистон пайдо мекунад».

Ба ақидаи таҳлилгари амрикоӣ, ҳамчунин афзалияти НБО-и Роғун дар он аст, ки он метавонад як қатор кишварҳои минтақаро, аз ҷумла Афғонистон ва Покистонро бо барқ таъмин созад.

«Нерӯи барқи кофӣ ба сулҳу субот мусоидат карда, барои занону кӯдакон, мардон имконоти беҳудудро фароҳам меорад, ки онҳо дар ватани худ кор кунанд ва барои пайдо кардани ризқу рӯзии худ ба хориҷи кишвар сафар нанамоянд», -мӯътақид аст Крамер.

Ҳамзамон маҷаллаи «The Economist»-и Бритониё тарҳи Роғунро «лоф»-у «сафсата» меномад.

Дар мақола оварда шудааст, ки лоиҳа бо ду баробар зиёд кардани иқтидори энергетикӣ метавонад кишварро аз буҳрон наҷот бидиҳад, аммо арзиши вай ба 6 миллиард доллар мерасад ва ин дар ҳолест, ки вақте ММД-и Тоҷикистон соли 2012 наздики $7,6 миллиардро ташкил додааст.

Муаллифи ин мақола бо ишора ба шиъору овезаҳои зиёди Раҳмон ба монанди "Роғун ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст", меафзояд, ки ин тарҳ ормонест, ки амалӣ нашудааст.

Ҳамчунин маҷалла Раҳмонро бузургманиш меномад. «Вай баландтарин парчамро дар ҷаҳон афрохт, дар наздиктарин фурсат азм дорад чойхонаи калонтаринро кушояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки омӯзгорон чандин моҳ аз гирифтани музди меҳнаташон маҳруманд. Оғози соли  2010 вай аксарияти мардуми кишварро ба харидани саҳмияҳои НБО-и Роғун маҷбур кардааст. Омӯзгорон 30-40 доллар моҳона гирифта, маҷбур буданд нисфи маоши худро ба харидории саҳмияҳои Роғун сарф кунанд. Донишҷӯён бояд барои роҳ ёфтан ба имтиҳонҳо саҳмия мехариданд»,-гуфта мешавад дар мақола.

Муаллиф дар хулосаи мақолааш зикр мекунад, ки Тоҷикистон дар танҳоӣ Роғунро бо сабаби «ҳиҷрати қувваҳои зеҳнӣ» бунёд карда наметавонад. Тибқи маълумоти ин маҷалла, вақте рӯзноманигорони нашрия аз яке сармуҳандисони НБО-и Роғун хостанд, якчанд маълумоти омориро тасдиқ кунад, вай дар навбати худ аз онҳо хостааст, ки ба Википедия муроҷиат кунанд.

«Ягона пуштибонони воқеии тарҳ Русия ё Чин мебошанд, ки қодиранд фасодро барҳам диҳанд. Аммо ҳеҷ кас намехоҳад Узбекистон-сераҳолитарин кишвар ва ҳамчунин ҷусҳурии дорои артиши бузург дар Осиёи Марказиро мушавваш кунад»,-гуфта шудааст дар ин мақола.

Дар ин ҳол, муаллиф илова кардааст, ки агар Раҳмон бод ода қаноъат мекард бо кам мезист, он гаҳ дар хонадони тоҷикистониён зимистон аллакай барқ гармӣ медоду нурафшонӣ мекард.