Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, Сафир Патрисия Флор аз 19 то 21 августи соли 2013 ба Тоҷикистон ташрифи 3-рӯзаи расмӣ доир намуд.

Тавре аз ҳайати намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, ӯ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ширкат варзида, дар ҷаласаи пленарии сатҳи баланд оид ба ҳамкории бурунмарзӣ дар соҳаи об раисии муштарак намуд. Ӯ дар Анҷумани гендерӣ низ ширкат варзид, ки дар он ба васеънамоии имконоти занону духтарон дар соҳаи об ва ноилшавӣ ба баробарии гендерӣ даъват намуд. 

19 август Сафир Флор бо Ҷаноби Оли Президенти Эмомали Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷи Зарифӣ боздиди расмӣ доир намуд. Онҳо масоили сиёсӣ ва масоили соҳаи амниятро, аз он ҷумла бо назардошти баровардани нерӯҳои низомии байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014, мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни мулоқот инчунин масоили дигари минтақавӣ, аз қабили ҳамкорӣ дар соҳаи об, энергетика ва амнияти марзҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ӯ аҳамияти баргузор намудани интихоботи озод ва боадолатро дар моҳи ноябр таъкид намуда даъвати мушоҳидачиёни байналмилалии интихоботро ҷонибдорӣ намуд.     

Сафир Флор ва гурӯҳи ӯ инчунин бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мулоқотҳо доир намуданд. Онҳо оид ба масоили волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон табодули назар карданд ва вазъи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.   

Иттиҳоди Аврупо, ки аз 28 давлати узв ташкил ёфтааст, донори калонтарини ҷаҳон мебошад. Тоҷикистон аз қисми асосии кӯмаки дуҷонибаи он ба Осиёи Марказӣ (66 мл евро дар солҳои 2007-2010 ва 62 млн евро дар солҳои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои соҳавӣ, кӯмаки фаннӣ ва бурсҳо бархурдор мебошад. Он таваҷҷӯҳи асосиро ба соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ ва рушди бахши хусусӣ, бо пуштибони аз идоракунии молиявии давлатӣ зоҳир менамояд. Тоҷикистон инчунин аз кӯмаки минтақавӣ ва соҳавӣ дар чунин соҳаҳо, мисли идоракунии марзҳо ва назорати маводи мухаддир (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), соҳаи об / муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи инсон ва демократия (EIDHR), рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ (СҒҲ) ва рушди соҳибкории хурду миёна (CA-Invest) низ бархурдор аст. Ҳаҷми умумии кӯмаки аз соли 1992 ба Тоҷикистон ҷудонамудаи Иттиҳоди Аврупо беш аз 550 млн евроро ташкил мекунад.