Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Ашраф Парвиз Каёниро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои амнияту мудофиа ва ҳамгироии минтақавии ду кишвари дӯст дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд.

Аз пайвастагии робитаҳои сохторҳои низомию амниятӣ ва махсуси ду кишвар ва натиҷаҳои назаррасии ҳамкории онҳо изҳори қаноат карда шуд.

Муҳокимаи вазъи Афғонистон ва ҳамгироӣ барои эҳёи амну субот дар ин кишвар низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, аз ҷумла хаттии баландшиддати барқии CASA-1000 ва пайвасти роҳҳои оҳани Тоҷикистону Покистон аз тариқи Афғонистон сурат гирифт.