Дар ҳошияи нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзи 13-уми сентябр дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир мегардад, президенти Тоҷикистон бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф мулоқот анҷом доданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни мулоқот бо президенти Қазоқистон баррасии масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистон дар назар аст.

«Бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф баррасии масъалаҳои марбут ба амалисозии лоиҳаи CASA-1000, сохтмони роҳҳои васлгари ҳарду кишвар ва ҳамчунин вазъи Афғонистон ба нақша гирифта шудааст», - гуфт манбаъ.

Ӯ ҳамчунин хотиррасон намуд, ки дар ҷараёни нишасти СҲШ дар Бишкек мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин низ дар назар аст. «Мулоқот бо ташаббуси ҷониби Чин доир гардида, аз баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисоду савдо, илму фарҳанг ва мудофиа аз он интизорӣ меравад», - афзуд сарчашмаи хабар.