Дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон, ки ба санаи 6-уми ноябри соли равон таъин шуд, Ҳизби демократии Тоҷикистон бо номзади худ ширкат хоҳад варзид ва ба дигар аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ ба эътилоф ворид шуданӣ нест. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов хабар дод.

Ба қавли раиси ҲДТ, демократҳои Тоҷикистон имрӯз номзадии шаш тан аз фаъолони ҳизб ба мансаби президенти кишварро баррасӣ доранд. «Номзади ягона ба мансаби президенти кишвар дар анҷумани ҲДТ, ки рӯзи 17-уми сентябр дар меҳмонхонаи «Азия Гранд Отел» доир мегардад, эълон хоҳад шуд», - зикр кард Исмонов.

Ба гуфтаи Исмонов, ба сифати раиси ҳизб ӯ дар ҷаласаҳои Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки номзади ягонаро пешбарӣ калранианд, иштирок кардааст. «Бисёре аз муқаррароти Консепсияи Иттиҳодро мо дастгирӣ карда метавонем, вале бахшҳои ҳизб дар минтақаҳо тасмим гирифтанд, ки ба интихобот номзади худро пешбарӣ кунем», - таъкид дошт раиси ҲДТ.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфта, имрӯз дар сафҳояш ҳудуди 8 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид мекунад.