Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати парлумонии Фаронса аз гурӯҳи дӯстии “Фаронса ва Осиёи Марказӣ”- ро, ки бо роҳбарии сенатор Андре Дюле ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва сармоягузорӣ, илму техника ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

“Муносиботи Тоҷикистону Фаронса тайи солҳои ахир рӯй ба рушди устувор овардаанд”, - бо қаноатмандӣ изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфти Андре Дюле, “Фаронса, аз ҷумла парлумони он омода аст, аз рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мудом дастгирӣ намояд”.

Фаъолияти босамари ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонии Фаронса ба мисли Тотал ва Алстом дар Тоҷикистон нишонаи оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию сармоягузорӣ ва технологии ду кишвар номида шуд. Ба таъкиди Андре Дюле “ширкатҳои зиёди дигар низ аз Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан ба бахши саноати кӯҳии он таваҷҷуҳи хоса доранд”.

Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва густариши ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт ва ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.