Фаъолияти Академияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ гардид. Сабабаш огаҳии хаттии Вазорати адлияи Тоҷикистон унвон мешавад, ки дар он ба ҳуқуқ надоштани таъсиси Академия дар назди ҳизб ишора меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Академияи ҲНИТ Зубайдуллоҳи Розиқ хабар дод, Шӯрои олии сиёсии ҳизб тасмим гирифт, ки фаъолияти Академия қатъ ва дар дафтари кории ҳизб шуъбаи нав бо вогузории вазифаҳои Академия ба дӯши он боз карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як нома раҳбарияти ҲНИТ-ро огаҳӣ дод, ки ба роҳандозии фаъолияти муассисаи таълимие чун Академия дар назди ҳизб ҳуқуқ надорад.

Аъзои ҲНИТ ин амалро ба аз ҷониби намояндагони Академия гоҳ-гоҳ содир шудани фатво марбут медонанд. Кумитаи умури дин чандин маротиба таъкид дошт, ки ба содир намудани фатво танҳо мақомоти ваколатдор – Шӯрои уламо ҳуқуқ дорад. Мувофиқи Оиннома, ҲНИТ ба роҳандозии маркази илмӣ дар назди ҳизб ва баргузории таҳқиқот ҳуқуқ дорад.

Академияи ҲНИТ ду сол пеш таъсис дода шуда, дар доираи салоҳияти худ семинарҳои омӯзишӣ доир менамояд. Дар сомонаи расмии ҲНИТ як гӯшаи махсусе мавҷуд аст, ки ба саволҳои марбут ба масоили динии корбарони сомона посух мегӯяд.