Рӯзҳои наздик ҷаласаҳои Кумитаи иҷроия ва Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон даъват карда шуда, санаи баргузории анҷумани ғайринавбатии ин ташкилот эълон мегардад. Маҳз дар ҳамин анҷуман номзад ба мансаби президентӣ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб хоҳад шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Федератсияи мазкур Муродалӣ Солеҳов хабар дод, танҳо дар анҷмани иттифоқҳои касаба масъалаи киро ба номзади президентӣ пешниҳод намудан ҳаллу фасл хоҳад шуд.

«Айни замон Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар сафҳои худ беш аз 2 млн. 100 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳид месозад», - таъкид дошт Солеҳов.

Қобили зикр аст, ки Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон соли 1926 таъсис дода шуд. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон соли 1991 ҳамчун вориси Шӯрои иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.