Нимаи дуюми рӯзи 5-уми сентябр сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони яке аз бузургтарин марказҳои муосири тиҷоратии пойтахт, ки дар майдони беш аз 10 га бо харҷи тақрибан 120 млн. сомонӣ бунёд меёбад, бевосита шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла зикр гардид, ки бинои асосии маркази тиҷоратӣ дар майдони 3,3 га ҷойгир шуда, барои фурӯши маҳсулоти ниёзи ҳаррӯзаи мардум, пеш аз ҳама хӯрокворӣ, аз қабили меваю сабзавоти тару тоза, меваю сабзавоти хушку консервашуда, қаннодӣ ва либосворию ашёи рӯзгор пешбинӣ шудааст. Сохтмони марказ моҳи сентябри соли 2014 ба итмом расида, беш аз 1 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, сарвари давлат ҳамчунин дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани маркази маъмуриву тиҷоратии «рӯдакӣ-Плаза» иштрок намуд, ки бо се ошёнаи зеризаминӣ аз 14 қабат иборат аст. Дар ин марказ 135 нафапр шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Шоми ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, фаввораҳои назди онро, ки мавриди тармиму навсозии куллӣ қарор доштанд, дубора ба кор даровард.

Дар қисмати ҷанубии пойтахт бо иштироки сарвари давлат як иншооти нави саноатӣ – Корхонаи воҳиди давлатии “Насби нақлиёти барқӣ (тролейбус) ва дучарха” расман ифтитоҳ ёфт. бунёди корхона 31 августи соли 2011 оғоз ёфта буд ва инак пас аз 2 сол он бо харҷи 13 миллион сомонӣ ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, ин корхона фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо корхонаи троллейбусбарории ТРОЛЗА-и шаҳри Энгелси вилояти Саратови Федератсия Русия  ба роҳ монда, асосан ба ҷамъоварии троллейбусҳо аз қисмҳои эҳтиётии он машғул аст.

Дар марҳилаи кунунӣ танҳо 10%-и корҳои ҷамъоварии ниҳоии троллейбус дар ин корхона анҷом дода мешавад. Яъне троллейбусҳо аз корхонаи ТРОЛЗА-и Русия бо ҷамъоварии 90-фоиза ба шаҳри Душанбе дастрас мегарданд ва 10% корҳои ниҳоӣ дар ин ҷо анҷом дода мешаванд. Дар ин корхона танҳо дару тиреза, чароғҳои беруну дарун, курсиҳо ва дигар қисмҳо насб мегардад.

Ба ҳамин тартиб ҳоло дар ин ҷо 4 адад троллейбус омода гардидааст. Оянда дар ин ҷо ҷамъоварии 35-40- фоизаи троллейбусҳо ба роҳ монда мешавад. Минбаъд, ҳамчунин истеҳсоли троллейбусҳои гибрид дар назар аст, ки бе пайвастшавӣ ба хатти барқӣ бо нерӯи аккумулятор  аз 10 то 40 км ҳаракат мекунад.

Троллейбусҳои дар ин ҷо истеҳсолшаванда дорои навовариҳои зиёд буда, ба стандартҳои аврупоӣ ҷавобгӯй мебошанд. Дар онҳо, аз ҷумла барои бе мушкил савор шудану фурӯд омадани мусофирони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ, ки бо арабоча мегарданд, механизми махсус насб шудааст. Дар дохили троллейбус низ барои онҳо ҷойи махсуси бехатар муҷаҳҳаз гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин ҷо оянда ҷамъоварии автобусҳо низ ба роҳ монда шавад. Бо иқтидори кунунияш ин корхона дар як сол метавонад 60 адад троллейбус омода созад. Дар ин корхона ҳоло 60 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. 5 нафари онҳо мутахассисоне мебошанд, ки дар корхонаи ТРОЛЗА-и Русия такмили ихтисос намуда, аз ҷумлаи кормандони фаъолу кордони он ба шумор мераванд. Ояндаи наздик шумораи коргарон дар ин корхона ба зиёда аз 100 нафар расонда хоҳад шуд.

Дар паҳлӯи ин корхона ҳамчунин нуқтаи фурӯши гази табиӣ ва моеъ сохта шудааст, ки пеш аз ҳама, барои автобусҳои ҷамъиятии пойтахт пешбинӣ гардидааст, то ки онҳо дар фурӯшгоҳҳои дигар бисёр дар навбат наистанд.