Дар конфронси ғайринавбатии бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки чанде қабл дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд доир гардид, баҳри иштирок дар Анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ, ки 4-уми октябр пешбинӣ мешавад, 281 вакил аз вилояти Суғд интихоб шуд. Маҳз дар ҳамин анҷуман номзади ҲХДТ ба мансаби президентӣ эълон хоҳад шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, дар конфронс ҳамчунин аз фаъолияти бахши ҳизб дар як соли ахир натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои навбатии ташкилотҳои ҳизбӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон муайян карда шуданд.

Дар анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ аз иштироки беш аз 1 ҳазор нафар аъзои ҳизб интизорӣ меравад. Макони баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ алҳол маълум нест.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.