Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) то анҷумани пешазинтихоботии худ номзади ягона ба мансаби президентӣ аз мухолифонро муайян карданист. Ин нуктаро дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров иброз намуд.

«Лекин тасмими худ оид ба пешбарии номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон ва ному насаби ӯро мо дар анҷумани рӯзи 17-уми сентябри ҳизб эълон мекунем», - изҳор кард Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ҲСДТ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) изҳор намуда буданд, ки номзади ягона ба мансаби президентӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистонро пешбарӣ карда метавонанд. Анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ низ ба санаи 17-уми сентябр таъин шудааст.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 18-уми марти соли 1998 дар Вазорати адлия сабти ном шуда, дар сафҳои худ беш аз 8 ҳазор нафар шаҳрвандони кишврро муттаҳид месозад. ҲСДТ-ро ҳизби мухолиф ба ҳукумати кунунии ҷумҳурӣ мешуморанд.