Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси мудирияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Газпроми Федератсияи Русия Алексей Миллерро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи нафту газ ва маводи сухт баррасӣ шуда, ба ҷараёни корҳои ҷустуҷӯию геологӣ ва истихроҷи нафту газ дар чор мавзеи Тоҷикистон, ки ба ин ширкати бузурги Русия иҷозати коркардаш дода шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки пармакунӣ дар мавзеи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав ба умқи 6450 метр расида, кор бояд ба марҳилаи нави омӯзиши захираҳои нафту газ дар ин кони умедбахш гузарад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар мавзеъҳои Шоҳамбарии Ғарбӣ, Ренгани ноҳияи Рӯдакӣ ва Саргазони ноҳияи Данғара низ бояд вусъат дода шаванд».

Алексей Миллер изҳор намуд, ки «оянда ширкати Газпром тасмим дорад сармоягузориро ба корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар Тоҷикистон афзун намояд».

Ҳамчунин дархости ширкати Газпром доир ба дарёфт намудани иҷозатнома дар бораи кор дар дигар мавзеъҳои ояндадори Тоҷикистон баррасӣ шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ асоси муҳим барои таҳкими бештари муносиботи стратегӣ ва муттафиқии Тоҷикистону Русия хоҳад буд.