Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) шояд аз рӯйхати 10 нафар довталабон номзади худ ба мансаби президентиро интихоб намояд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ИҶТ Кабирҷон Ҷӯраев хабар дод.

«Иттифоқи мо қаблан довталабии 2-3 нафарро баррасӣ мекард, вале ин дафъа шумори онҳо бештар хоҳад буд», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Ҷӯраев, дар анҷумани рӯзи 21-уми сентябри ИҶТ «аз муколамаву баҳсҳои ҷиддӣ интизорӣ рафта, ба баррасии вакилон номзадҳои арзанда пешниҳод ва намояндагон аз 72 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба ҳар кадоме аз онҳо метавонанд раъйи худро бидиҳанд».

Муовини раиси ИҶТ ҳамчунин зикр кард, ки номзади ИҶТ ба мансаби президентӣ аз рӯйи якчанд нишондиҳандаҳо муайян карда мешавад. «Қабла аз ҳама, ӯ бояд нафари шинохта ва нуфузи шахсеро доро бошад, ки ба ваъдаҳои замоне додааш вафо кардааст», - изҳор намуд номбурда.

К.Ҷӯраев бар ин назар аст, ки Ойниҳол Бобоназарова, Саидҷаъфар Исмонов, Толиббек Бухориев ва Абдуҳалим Ғаффоров «номзадҳои арзанда ба мансаби президентӣ буда, вале моро ҳоло зарур аст, ки бо барномаҳои номзадҳо ва механизми амалисозии онҳо шинос шавем».

Қобили зикр аст, ки дар маъракаи интихоботипрезидентии соли 2006 ИҶТ якдилона номзадии президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ намуда буд.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкилоти мустақили ҷамъиятиву сиёсӣ буда, 12-уми октябри соли 1991 таъсис дода шуд. Мақоми олии ИҶТ анҷумани он мебошад. Шиори ИҶТ – «Барои ваҳдат ва пешравӣ дар Тоҷикистон» аст.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон санаи 6-уми ноябр баргузор мешавад. Айни замон чор нафар – Абдуҳалим Ғаффоров аз ҲСТ, академик Толиббек Бухориев аз ҲАТ, Саидҷаъфар Исмонов аз ҲДТ ва Ойниҳол Бобоназарова аз ИНИТ номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуданд.