Дар ҷаласаи муштараки чанде қабли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) муовини раиси ҲНИТ, журналист ва сиёсатшиноси тоҷик Маҳмадалии Ҳайит раиси ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) Ойниҳол Бобоназарова интихоб шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, яке аз фаъолони таъсиси ҳизби сабтиномнашудаи сиёсии «Тоҷикистони нав», ҳуқуқшиноси маъруф Маҳмудҷон Қосимов муовини раиси ситоди пешахзинтихоботӣ интихоб гардидааст.

«Дар ҷаласаи нахусти ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова масоили марбут ба ҷамъоварии имзоҳои интихоботкунандагон ба дастгирии номзад аз ИНИТ, таблиғи барномаи номзад ва ҳамчунин ҷамъоварии маблағу восита ба дастгирии номзадии Бобоназарова баррасӣ шуданд», - гуфт манбаъ.