Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вакили анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, Эмомалӣ Раҳмонро зимни конфронси имрӯзаи бахши вилоятии ҳизб дар Хоруғ ҳамчун вакили Анҷумани XI ҲХДТ аз ВМКБ интихоб карданд.

«Ҳамин тариқ, ҷараёни интихоби вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ дар саросари ҷумҳурӣ ба итмом расида, беш аз 1 ҳазор нафар тоҷикистониён вакилони анҷуман интихоб гардиданд», - иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ рӯзи 4-уми октябри соли равон доир гардида, аз пешбарии номзади ҳизб ба мансабаи президентӣ дар он интизорӣ меравад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.