Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон , ки рӯзи 19-уми сентябри соли равон доир гардид, дар бораи таъсиси 68 комиссияи интихоботии ҳавзавӣ дар қаламрави Тоҷикистон барои маъракаи интихоботи прзиденти мамлакат қарор қабул шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев хабар дод, дар ҷаласаи мазкур таҳти раёсати раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён ҳамчунин ҷиҳати таъсиси қитъаҳои интихоботӣ дар 24 кишвари ҷаҳон барои овоздиҳии шаҳрвандони тоҷики муқими ин давлатҳо тасмим гирифта шуд.

«Дар Русия – 24, Афғонистон – 4, Туркия, ИМА, Эрон, Арабистони Саъудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Чин ва Қазоқистон – 2-тогӣ ва Ӯзбекистон, Ҷопон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон, Миср, Озарбойҷон, Туркманистон ва як қатор кишварҳои аврупоӣ 1-тогӣ қитъаҳои овоздиҳӣ боз мегарданд», - зикр кард Додоев.

Ба гуфтаи ӯ, бо қарори КМИР, тамоми қитъаҳои овоздиҳии дар хориҷи кишвар бозшуда ба ҳайати ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3-и пойтахт шомил мегарданд.