Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз ба масъалаи баҳси ҳукуматҳои маҳаллӣ бо намояндагони гурӯҳҳои ташаббускор дар масъалаи ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзад ба мансабаи президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова хотима бахшиданист.

Ба гуфтаи роҳбари маъмурияти КМИР Абдуманнон Додоев, рӯзи сешанбе зимни машварат бо намояндаи ҲНИТ Ҷамолиддин Маҳмудов дар бораи аз ҷониби ҲНИТ пешниҳод шудани рӯйхати шаҳру навоҳие, ки ба ҷамъоварии имзоҳо монеъа эҷод мекунанд, мувофиқа ҳосил шудааст.

«Ғайр аз ин, мо бори дигар ба намояндаи ҲНИТ шарҳ додем, ки мутобиқи қонунгузории кишвар, бидуни варақаи тасдиқшудаи рӯйхати гурӯҳи ташаббускор, ишораи ба ҷонибдории кадом номзад ҷамъоварӣ кардани имзо ва зикри ному насаби афроди масъули ҷамъоварии имзоҳо раисони шаҳру навоҳӣ варақаҳои ҷамъоварии имзоҳоро тасдиқ карда наметавонанд», - зикр кард Додоев.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони дигар аҳзоби сиёсӣ, ки номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ намуданд, то ҳол дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба мушкилие мувоҷеҳ нагардидаанд.

«Танҳо дар як ноҳия бо сабаби фаъолият надоштани бахши маҳалли ҳизб, тасдиқи варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади Ҳизби сотсиалистро ғайриқонунӣ рад кардаанд, ки ин масъала баъди муроҷиати ҲСТ ба КМИР ҳаллу фасл гардид», - гуфт Додоев.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Муҳаммадлии Ҳайит, роҳбари ситоди пешазинтихоботии номзад Ойниҳол Бобоназарова, ба санаи 24-уми сентябр дар 48 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади мазкур тасдиқ шудаанд.

«Раисони беш аз 20 шаҳру навоҳӣ бо баҳонаҳои гуногун то ҳанӯз варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади ҲНИТ О.Бобоназароваро тасдиқ накарданд», - изҳор дошт номбурда.