Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ба истифода супоридани як қатор иншоот бо сафари корӣ ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарваридавлат, зимни сафари корӣ сарвари давлат аз ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Тавилдара боздид хоҳад кард.

Президенти мамлакат нахуст дар ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бинои нави Хобгоҳи мактаб-интернати ҷумҳурияви кудакони ятимро бо буридани лентаи рамзи расман ба истифода супурд.

Бинои хобгоҳ барои 200 нафар пешбинӣ шуда он бо харҷи зиёда аз як миллион сомонӣ аз ҷониби ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бунёд карда шудааст. Др мактаб-интернати мазкур зиёда аз 250 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, аз ин шумора 145 нафар падар ё модар надоранд ва 6 нафар ятими кул мебошад.

Президенти мамлатакат ба сарпарасти ин мактаб – интернат дастуру ҳидоят дод, ки то моҳи ноябри соли равон ҳамаи тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимро бо либосҳои гарми зимистона таъмин намоянд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба 6 нафар ятими кул дар бонк суратҳисоб кушоянд.

Сарвари давлат муррабиёну омӯзгоронро ҳидоят намуд, ки бо тарбиятгирандагон мисли фарзанди хеш муносибат намуда, дар таълиму тарбияи онҳо диққати махсус зоҳир намоянд. Президенти мамлакат ҳамчунин ба масъулин дастур дод, ки роҳи маҳалии шаҳраки Навободро мумфарш намоянд.

Дар ҷамоати шаҳраки Навобод ҳамчунин бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шӯъбаи корҳои дохилии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт мавриди истифода қарор гирифт. Шӯъбаи корҳои дохили ду ошёна буда дорои утоқҳои муҷаҳаз бо лавозимоти зарури, толори хурди варзишӣ, ошхона ва утоқҳои махсус мебошад.

Сипас Президенти мамлакат дар қисми низомии 051062-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳраки Навобод ҷойгир мебошад, бо шароити хизматии афсарону сарбозон шинос гардид. Қисми ҳарбии мазкур яке аз воҳидҳои таъиноти махсус буда, бо аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, лавозимоту муҳимоти ҷангӣ ва дигар воситаҳои махсуси муосир таъмин карда шудааст. Намунаи бештари ин воситаҳои муосири техникӣ, ки барои воҳидҳои махсус пешбинӣ шудаанд, дар саҳни қисми ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар муддати як сол бо кӯмаку дастгирии Сарвари давлат бинои асосии қисми ҳарбӣ, синфхонаҳои таълимӣ, хонаҳои маишиву фароғатӣ, хобгоҳу ошхонаи сарбозон ва дигар мавзеъҳои барои хизмат зарур сохта мавриди истифода қарор дода шуд.