Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Конгресси байнулмилалии саноатчиён ва соҳибкорон – «Ордени Иттиҳод дараҷаи I» қадрдонӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти гуногунҷабҳа дар таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳои Авруосиё ва саҳми арзандаи шахсӣ дар кори ҳамгиройӣ ва ҳамкорӣ дар паҳнои пасошӯравӣ ба ин мукофот сазовор дониста шудааст.

Конгресси байнулмилалии саноатчиён ва соҳибкорон ташкилоти байнулмилалии ҷамъиятии ғайриҳукуматӣ мебошад, ки 21-уми феврали соли 1992 бо ташаббуси Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорон (корфармоён)-и Русия таъсис дода шуд. Айни замон Конгресс иттифоқҳои миллии 27 кишвари Аврупо ва Осиё, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Булғория, Маҷористон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Лаҳистон, Русия, Руминия, Словакия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, Чехия, Эстония ва дигар кишварҳоро муттаҳид менамояд.