Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон оромона баргузор шуданд, вале талаботи маҳдудият дар бақайдгирии номзадҳо ба аз байн рафтани фазои гуногунандешӣ ва интихоби ҳақиқӣ боис гардид, - зикр карданд дар изҳороти имрӯз интишорнамудаи худ дар робита ба интихобот нозирони Дафтари САҲА оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) ва Парлумони Аврупо.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки бо роҳандозии инъикоси бузургмиқёси фаъолияти расмии президенти амалкунанда васоити ахбори умуми давлатӣ бартарияти назаррасеро барои ӯ таъмин намуданд.

«КМИР баҳри беҳбуди шаффофият ва идораи пурсамари интихобот тадбирҳо андешидааст, ки иқдоми мусбатест. Рӯзи овоздиҳӣ камбудиҳои назаррас ба чашм расиданд. Барои иштирок дар интихобот бо шумули президенти амалкунанда 6 номзад ба қайд гирифта шуданд. Талаботи маҳдудкунӣ, аз ҷумла шумораи беасоси хеле зиёди имзоҳо барои бақайдгирӣ монеъаи ҷиддӣ буда, мухолифи уҳдадориҳои САҲА ва дигар меъёрҳои интихоботи демократӣ мебошанд», - омадааст дар изҳорот.

Дар изҳороти нозирони САҲА ҳамчунин зикр мегардад, ки сарфи назар аз тавсияҳои САҲА оид ба беҳбуди қонунгузорӣ, моҳиятан ин интихобот ҳам тибқи заминаи қонунгузории соли 2006 дар интихоботи президентӣ гузаронида шуданд.

Гуфта мешавад, бинобар сабаби мавҷуд набудани рӯйхати мутамаркази интихобкунандагон пешгирии якчанд маротиба ба рӯйхати интихобкунандагон ворид кардани як шаҳрванд ғайриимкон аст.

Роҳбари ҳайати Ассамблеяи парлумонии САҲА Маргарет Седерфелт ҳузур надоштани номзадии зан дар интихобот ва дар маҷмӯъ дар ҳаёти сиёсиву мақомоти раҳбарии кишварро зикр карда, аз намояндагии ин синфи ҷомеа дар Тоҷикистон масъалагузорӣ кард.

Ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи дарозмӯхати нозирони САҲА/ДИДҲБ Параскива Бадеску муддати 6 ҳафтаи мушоҳида камбудиҳои ҷиддие дар бақайдгирии номзадҳо ва интихобкунандагон ба чашм расиданд, ки ба гунаи мисол, яке аз он намояндагии баробари аҳзоби сиёсӣ дар комиссияҳои интихоботии сатҳи поёнӣ мебошад.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки сифати кори комиссияҳои интихоботӣ нисбатан беҳтар шудааст. Бадеску бар ин назар аст, ки нисбат ба дигар номзадҳо ба яке аз онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуд.

«Рӯзи интихобот оромона гузашт, вале дар аксари қитъаҳои интихоботӣ нозирон камбудиҳоро мушоҳида карданд, аз ҷумла ба ҷойи дигарон овоз доданд, овоздиҳии гурӯҳӣ ё оилавӣ, аломатҳои ғайриқонунӣ ба қуттиҳо партофтани варақаҳо, дар ҳудуди берун аз қаламрави қитъа овехта нашудани натиҷаҳои овоздиҳӣ барои шиносоии ҷомеа бо он ва ғайра», - иброз дошт ӯ.

Параскива Бадеску ҳамчунин зикр кард, ки дар доираи созишномаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ, Парлумони Аврупо ба таҳкими ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар самти рушди раванди демократия ба манфиати аҳолӣ омода аст.