Вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби «Единая Россия», полковники мустаъфӣ дар ҳайати нозирони ИДМ Виктор Заварзин зимни брифинг аз таассуроти мусбати худ нисбати интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ибрози андеша кард.

Номбурда зикр кард, ки «ман фармондеҳи охирини Нерӯҳои дастаҷамъонаи ҳомии сулҳи ИДМ дар Тоҷикистон будам, ки он замон созишномаи сулҳ ба имзо расид ва шояд каме бо эҳсос бошад ҳам, ошкоро мегӯям, ки аз ин кишвар ифтихор дорам, ки дигар ин ҷо тирпаррониву одамкушӣ нест ва мардум хушу хуррамона зиндагӣ доранд».

«Ба чашмони тоҷикон дида дӯхта, дарк кардам, ки дар онҳо осори андӯҳу хусумат вуҷуд надорад ва ин дастоварди хеле ҷиддӣ, пеш аз ҳама комёбии ҳукуматест, ки ин ҷо фаъолият дорад ва шояд дастоварди тамоми паҳнои пасошӯравӣ аст», - гуфт Заварзин.

Ҳайати гурӯҳи нозирони ИДМ изҳори умедворӣ намуданд, ки «сарфи назар аз тамоми мушкилот, Тоҷикистон ба пеш гом мениҳад ва паҳлӯи ӯ дӯстон аз ИДМ қадам мезананд, ки ба паси сар намудани мушкилиҳо кӯмак мекунанд».

Заврзин қайд кард, ки гурӯҳи нозирони ИДМ наметавонад бигӯяд, ки интихобот дар Тоҷикистон ғайриқаонатбахш баргузор шуд. «Ин ҷо намояндагони тамоми аҳзоби сиёсии Русия, аз ҷумла ҳизбҳои мухолиф низ иштирок доштанд ва наметавон гуфт, ки «камбудиҳо вуҷуд надоштанд, балки камбудиҳои начандон назаррасеро мушоҳида кардем, ки ба тасҳеҳ ниёз доранд, вале камбудиҳои ҷиддӣ ё мухолифатҳои низмоӣ ҷой надоштанд», - зикр кард ӯ.

«Аз ҷониби худ гуфта метавонам, ки хулосаҳои гурӯҳи нозирони ИДМ воқеианд. Русия ба Тоҷикистон дар ҳама самтҳо, аз ҷумла масоили таҳияи қонунгузорӣ дар бораи интихобот низ кумак хоҳад кард», - афзуд Заварзин.