Сарони давлатҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрик намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин чунин зикр мегардад: «Натиҷаи интихоботи Президентии кишвари Шумо баёнгари он аст, ки кулли мардуми тоҷик пуштибони сиёсати дохилӣ ва хориҷии Шумост. Аминам, ки таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи таҳкими давлат Тоҷикистон ба дастовардҳои  афзунтаре ноил мегардад. Имсол аввалин соли ба роҳ мондани ҳамориҳои стратегӣ миёни Чину Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, барои рушди муносибатҳои дуҷониба имконоти беназире пайдо гирдиданд. Ман омодаам, ки бо Шумо барои равнақи ҳамкориҳои муҳими стратегии Чину Тоҷикистон, ки ба нафъи кишвар ва халқҳоямон мебошанд, талош варзам.

Дар барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев омадааст: «Ин пирӯзӣ нишонаи боварии баланди мардуми Тоҷикистон ба Шумо ва накши Шумо дар роҳи якдилӣ ва саодатмандии мардум аст. Боварӣ дорам, ки фаъолияти Шумо дар ин мансаби олӣ дар самти рушд ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистон саҳм хоҳад гузошт. Аминам, ки муносибатҳои бисёрҷонибаи миёни Қазоқистону Тоҷикистон, ки дар асоси анъана ва дӯстиву ҳусни эҳтироми мутақобил асос ёфтаанд, дар оянда низ ба манфиати халқҳои бародари ду кишвар рушду таҳким хоҳанд ёфт».

Дар барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов гуфта мешавад: «Мутмаинам, ки фаъолияти Шумо дар ин мансаби олии давлатӣ дар самти рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар асоси муштаракоти таърихӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми мутақобил ва бо назардошти манфиатҳои ду ҷониб бунёд ёфтаанд, саҳм хоҳад гузошт».

Дар барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко омадааст: «Халқи тоҷик бори дигар ба Шумо ҳамчун ходими намоёни давлатӣ боварии худро изҳор намуда, ҷонибдорӣ аз сиёсати ҷорӣ намудаи Шуморо, ки ба таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ,баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон равона шудааст, тасдиқ кард. Бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди ҳамгироии байни кишварҳоямон, характери фаъоли ҳамкориҳои дуҷонибаро зикр менамоям ва боварӣ дорам, ки минбаъд дар рӯҳияи созанда ҳамкориҳои дуҷонибаамон рушд меёбанд».

Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, чанде қабл зимни суҳбати телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон президенти Русия Владимир Путин ӯро бо пирузӣ дар интихоботи шаффофу демократӣ табрику муборакбод намуда, изҳори умеду боварӣ кард, ки дар оянда муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия рушду гусатариш меёбанд ва татбиқи созишномаҳои байнидавлатӣ ба манфиати мардумони ду кишвар хизмат хоҳанд кард. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки ғалабаи комил дар интихобот нишонаи эътимоди қавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои арзандаи ӯ дар рушди мамлакат, аз ҷумла дар бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад.

Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай низ дар гуфтугӯи телефонӣ президенти тозаинтихоби Тоҷикистонро дар иртибот ба пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз номи мардуми шарифи кишвари Афғонистон ба роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон саломатии бардавом ва барору комёбӣ таманно намуд. Ҳомид Карзай изҳори эътимоду боварӣ намуд, ки дар ин марҳилаи таърихие, ки дар раёсати давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад, муносиботи дӯстиву иртиботи ҳасанаи ду кишвар раванди тоза ва ҷилои нав касб мекунанд.