Маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми ноябр ба нақша гирифта шудааст. Маросим дар маҷмааи кохи «Сомон» дар бӯстонсарои ҳукумат дар пойтахт баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ин рӯз маросими сари мансаби президенти Тоҷикистон омадани Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, ки санаи 6-уми ноябр тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ бори навбатӣ президенти мамлакат интихоб шуд.

Раиси Суди Конститусионии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон Нишони президенти Тоҷикистонро супурда, сипас дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаҳои парлумони Тоҷикистон (Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ) президенти тозаинтихоб савганд ёд мекунад.

Баъди маросими савгандёдкунии сарвари давлат дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки беш аз 7 ҳазор афсарону сарбозони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузашти низомӣ доир мегардад.

Гуфта мешавад, ба маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон меҳмонони воломақоми хориҷӣ даъват карда намешаванд.

Дар интихоботи президентии рӯзи 6-уми ноябри соли 2013 дар Тоҷикистон 3 млн. 640 ҳазору 56 нафар тоҷикистониён ширкат варзиданд, ки аз шумори умумии интихобкунандагон ба миқдори 4 млн. 201 ҳазору 156 нафар 86,6%-ро ташкил медиҳад. Ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон 3 млн. 23 ҳазору 754 нафар, коммунист Исмоил Талбаков – 181 ҳазору 675 нафар, намояндаи ҳизби аграрӣ Толиббек Бухориев – 166 ҳазору 224 нафар, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев – беш аз 140 ҳазору 733 нафар, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров – 54 ҳазору 148 нафар ва раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов – ҳамагӣ 36 ҳазору 572 нафар интихобкунандагон овоз доданд.

Бино ба маълумоти КМИР, натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президенти Тоҷикистон баъди 10 рӯз эълон карда мешаванд.

Интихоботӣ президентиро соати 14:00-и рӯзи 6-уми ноябр барпошуда эълон карда буданд. То ин замон 2 млн. 862 ҳазору 163 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи президенти Тоҷикистон раъй доданд, ки ин ҳудуди 68%-и аз шумори умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. То соати 18:00 ҳамин рӯз бошад, 3 млн. 380 ҳазору 68 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи президенти Тоҷикистон раъй доданд, ки ин беш аз 80%-и аз шумори умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.

Дар саросари кишвар 69 ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил гардида, аз соати 6-и субҳи дирӯз беш аз 3 ҳазору 100 қитъаҳои интихоботӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ҳудуди 27 кишварҳои хориҷӣ низ барои шаҳрвандони тоҷики муқии ин давлатҳо 61 қитъаҳои интихоботӣ, аз ҷумла дар Русия 24 қитъаи интихоботӣ боз шуд.

Дар маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ширкат варзиданд, ки инҳо аъзои аҳзоби сиёсии ба мансаби президентӣ номзад пешниҳодкарда, намояндагони Иттифоқи ҷавонон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар мебошанд. Ғайр аз ин, комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ зиёда аз 370 нафар намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллиро низ сабти ном намудаанд, ки мониторинги ҷараёни овоздиҳиро анҷом медиҳанд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварда, дар маҷмӯъ 501 нафар нозир ва 80 нафар намояндагони ВАО-и хориҷӣ ба қайд гирифта шуда буданд.