Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳор медорад, ки ИМА бо арзёбии пешакии интихоботи президенти Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи нозирони Дафтари САҲА оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) мувофиқ аст.

«Ҳарчанд интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон оромона баргузор шуданд, вале талаботи маҳдудият дар бақайдгирии номзадҳо ба аз байн рафтани фазои гуногунандешӣ ва интихоби ҳақиқӣ боис гардид», - гуфта мешавад дар сомонаи расмии Департаменти давлатӣ .

Зикр мегардад, ки дар интихобот ҳодисаҳои овоздиҳӣ ба ҷойи шахсони дигар, раъй додан аз номи аъзои оила ва овоздиҳии гурӯҳӣ ба мушоҳида расиданд.

Дар изҳорот таъкид мегардад, ки маҳз ҳамон камбудиҳое ба қайд гирифта шуданд, ки дар интихоботи пешин ҳам ба он роҳ дода шуда буд ва дар ин робита Департаменти давлатии ИМА аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки «таъҷилан ин камбудиҳои ҷиддӣ бартараф карда шаванд».

«Иёлоти Муттахидаи Амрико аз он хушнуд аст, ки созмонҳои байнулмилалӣ ба иштирок ба сифати нозирон дар саросари ҷумҳурӣ роҳ дода шуданд», - омадааст дар изҳорот.

Бо назардошти вазъи минбаъда, Департаменти давлатӣ аз ҳукуматдорони тоҷик даъват намудааст, ки заминаи қонунгузории интихоботро мутобиқи тавсияҳои САҲА/ДИДҲБ ислоҳ намоянд.

Ҳамчунин даъват мешавад, ки ба номзадҳо имкони бештари дастрасӣ ба ВАО дода шавад, то ки платформаҳои озод, боадолат ва рақобатпазир барои номзадҳо таъмин гардад.

«Аз замони анҷоми ҷанги шаҳрвандии фоҷеабор Тоҷикистон роҳи дуру дарозеро тай намуд, - зикр мегардад дар изҳорот. – Мо аз пешравии Тоҷикистон дар беҳбуди ҷараёни интихобот истиқбол мекунем, аммо то ҳанӯз корҳои зиёдеро мебояд анҷом дод. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ки аз худи ҳозир рӯи ин масъала корро оғоз кунад, то ки ба таҳкими гуногунандешии сиёсӣ ва густариши фаъолияти аҳзоби мухолиф, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат карда шавад».