Тибқи баъзе маълумот, имрӯз номи вазири нави корҳои хориҷии Тоҷикистон маълум мегардад. Сари ин мансаб боқӣ мондани вазири кунунӣ Ҳамрохон Зарифӣ алҳол маълум нест.

Чанде тахмин мезананд, ки Эмомалӣ Раҳмон Ҳамрохон Зарифиро аз мансаб сабукдӯш намуда, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Асловро ба ин вазифа таъин мекунад. Аксаран бар ин назаранд, ки Ҳ.Зарифӣ, ки муддати 7 соли ахир дар ин мансаб ифои вазифа мекард, дар мансаби худ боқӣ мемонад.

Ҳамрохон Зарифӣ аз 1-уми декабри соли 2006 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. То таъинот ба ин мансаб ӯ муддати 4 сол намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ИМА-ро роҳбарӣ мекард. Дар Тоҷикистон аксарият ӯро сиёсатмадори «ғарбгаро» мешуморанд ва бар ин назаранд, ки маҳз бо сари мансаб омадани ӯ муносибатҳои Русияву Тоҷикистон каме ба сардӣ гаравиданд. Худи Зарифӣ бошад, борҳо изҳор карда буд, ки ӯ танҳо аз манфиатҳои Тоҷикистон ҳимоя мекунад.

Ҳамроҳон Зарифӣ 25-уми декабри соли 1948 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст.

Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад.

 Фаъолияти меҳнатӣ:

 Солҳои 1971 - 1972 - муаллими кафедраи физикаи Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Кулоб;

Солҳои 1972 - 1974 - хизмати ҳарбӣ дар сафҳои қувваҳои мусалаҳ;

Солҳои 1974 - 1993 - хизмат дар хадамоти амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 1993 - 1995 - сардори Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1995 - 1996 - муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 1996 - 2002 - Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва Созмони Милали Муттаҳид, ш. Вена;

Солҳои 1997 - 2002 - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, ҳамзамон дар Конфедератсияи Шветсария ва Ҷумҳурии Маҷористон.

Солҳои 2002 - 2006 - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка.

Аз 01.12.2006 - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо забони англисӣ озодона ҳарф мезанад. Оиладор соҳиби ду фарзанд мебошад.

Сироҷиддин Аслов – то соли 1995 муовини сардори Сарраёсати гидрометереологии Вазорати ҳифзи табиати Тоҷикистон.

Аз 15-уми майи соли 1995 – узви Кумитаи тадорукот оид ба таҳияи Барномаи давлатии экологии Тоҷикистон.

Аз соли 2003 – раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал.

Аз 12-уми феврали соли 2004 – муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Аз 22-юми ноябри соли 2005 бо фармони сарвари давлат С.Аслов намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ таъин шуда, дар ин вазифа Рашид Олимов, сафир кунунии Тоҷикистон дар Чинро иваз намуд.