Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 95-умин солгарди истиқлоли давлатии Афғонистон ба раисҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки тайи солҳои охир дар рушд ва таҳкими равобит ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, маорифу фарҳанг ва амниятиву низомӣ ва дар маҷмӯъ дар тақвияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон муваффақиятҳои бузург ба даст оварда шудааст.

«Тоҷикистон ҷонибдори густариш ва тавсеаи ин равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари бародар мебошад ва ҷиҳати такони тоза бахшидан ба ин раванд тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ хоҳад дод», - омадааст дар барқия.

Сарвари давлати Тоҷикистон изҳори итминон мекунад, ки Афғонистон дар ин марҳилаи тақдирсоз ба туфайли хирад ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти худ бо сарбаландӣ муваффақ хоҳад шуд, то аз имтиҳонҳои кунунӣ бо ҳамбастагию оромиш ва ваҳдати беш аз пеш берун ояд.