Даҳаи дуюми моҳи октябри соли ҷорӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсид Убайдуллоев ба Русия сафари расмӣ анҷом медиҳад.

Тавре як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, дар Маскав Убайдуллоев дар кори форуми байнипарлумонии Тоҷикисиону Русия ширкат хоҳад варзид, ки дар он масоили рушди робитаҳои иқтисодии минтақаҳои ҳарду кишвар баррасӣ шуда, ҳамчунин роҳу воситаҳои афзоиши интиқоли маҳсулоти ғизову кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари расмии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба Русия як қатор дидору гуфтушунидҳои ӯ бо раҳбарияти парлумони ин кишвар дар назар аст.