Раҳбари Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов маълумоти баргузории гирдиҳамойии оммавии муҳоҷирон дар шаҳри Маскавро рад кард.

«Журналистон хаёлоти бой доранд ва ба паҳнкунии овозаҳо дар бораи гирдиҳамойӣ бо иштироки 100 ҳазор нафар шитоб кардаанд», - гуфта мешавад дар ин робита дар сомонаи ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» бо истинод ба К.Шарипов.

«Ман танҳо зикр кардам, ки агар вазъи мавҷуда нисбати муҳоҷирони тоҷик ба маҷрои қонунӣ оварда нашавад, баргузор намудани чунин гирдиҳамойиҳо имконпазир аст», - гуфтааст Шарипов.

Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирони тоҷик риояи ҳуқуқҳои худ барои кор дар Русияро тариқи роҳҳои қонунӣ ба даст оварданианд. «Барои ин онҳо моҳи октябр дар анҷуман гирдиҳам омада, ба сохторҳои ҳукумати Русия ва Тоҷикистон муроҷиатнома ирсол мекунанд ва ҳамчунин стратегияи умумии кумак ба ҳамватанонеро, ки барои кор ба Русия меоянд, таҳия мекунанд», - иброз доштааст вай.

Шарипов зикр кардааст, ки ҳамарӯза аз ҳамватаноне, ки барои кор ба Русия меоянд, ба унвони ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» шикоятҳо мерасанд, аз ҷумла ҳолатҳои аз ҷониби корфармо гирифта шудани шиносномаҳои муҳоҷирон, маҷбур кардани онҳо ба иқомат дар макони дорои шароитҳои зиддисанитарӣ, пардохт накардани музди меҳнат ва ғайра ба қайд гирифта шудаанд.

«Ҳамаи ин масъалаҳоро мо дар Анҷумани тоҷикони ҷаҳон, ки даҳаи дуюми моҳи октябр дар шахри Маскав доир мегардад, баррасӣ карданием. Мо хостори онем, ки ҳам раҳбарияти Русия ва ҳам раҳбарияти Тоҷикистон ба дархостҳои мо расидагӣ кунанд. Мо фароҳам овардани ҷойҳои корӣ дар ватанамонро талаб хоҳем кард», - қайд кардааст ӯ.

Шарипов илова намудааст, ки «агар ин талабҳо ба инобат гирифта нашаванд, пас мо маҷбур хоҳем шуд, ки дар бораи баргузории гирдиҳамойӣ ба ҳукумати Маскав ариза омода кунем».

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл нашрияи «Известия» бо такя ба К.Шарипов дар бораи эҳтимоли дар моҳи октябр дар шаҳри Маскав баргузор шудани гирдиҳамойии муҳоҷирон бо иштироки 100 ҳазор нафар иттилоъ дод.