Ҳайати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таҳти сарварии раиси ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов имрӯз дар Кӯлоб 90-солагии собиқадори ҳизб, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мирзо Бекматовро ҷашн мегиранд.

«Ҳаёт ва роҳи тайкардаи Мирзо Бекматов намунаи барҷастаи хизмат ба мардуму кишвар аст ва мо ифтихор дорем, ки давомдиҳандагони кори коммунистоне чун Мирзо Бекматов мебошем», - гуфт дар ин робита раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов.