Президенти Чехия Милош Земан рӯзҳои 25-27-уми ноябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар робита ба ин аз имрӯз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ бақайдгирии намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.

Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари сарвари давлати Чехия ба Тоҷикистон тӯли тамоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистиону Чехия каме бештар аз 2,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2% зиёдтар аст. Дар ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни кишварҳо ба маблағи беш аз 2 млн. доллари ИМА аз Чехия ба Тоҷикистон маҳсулот ворид карда шудааст.