- Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ, аз қабили Amnesty International, Human Rights Watch (HRW), Кумитаи Хелсинкии Норвегия (КХН) ва Ассотсиатсияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» (AHRCA) рӯзи 7 июн бо пахши як изҳорот ҳукмҳои содиршуда нисбати 14 тан аз аъзои Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистонро маҳкум карданд, - иттилоъ медиҳад хабаргузории Фергана.

Ёдрас мекунем, ки  Суди олии Тоҷикистон санаи 2 июн нисбати фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ  ҳукм содир намуда , муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Amnesty International дар изҳороти худ қайд мекунад, ки мурофиаи судӣ нисбати аъзои ҲНИТ ба меъёрҳои байнулмилалии баррасии боадолатонаи судӣ, ки Тоҷикистон онҳоро бояд риоя намояд, мутобиқат намекард, зеро судшавандагон амалан аз ҳимояи адвокатҳо  маҳрум шуда, дар мурофиаҳо ба иштироки намояндагони ВАО, созмонҳои байнулмилалӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ иҷозат дода нашуд.

Дар изҳороти муштараки  HRW, КХН ва AHRCA суд нисбати аъзои ҲНИТ беинсофона ва дорои ангезаи сиёсӣ унвон шудааст. «Суд нисбати мухолифони сиёсии осоишта амалҳои паҳншудаи ҳукумат нисбати низоми судӣ ва дағалона поймол гардидани ҳуқуқҳо ба озодии баёнро таҷассум месозад», - қайд мешавад дар изҳорот.

Ҳомиёни ҳуқуқ зикр мекунанд, ки чанде аз судшавандагон, аз ҷумла Маҳмадалии Ҳайит ва Зарафо Раҳмонӣ дар Тоҷикистон ва сатҳи байнулмилалӣ бо фаъолияти чандинсолаи осоиштаи худ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии баёну маҷлисҳо ва дин маъруфанд. Ба шаҳодати сарчашмаҳои наздик ба судшавандагон, чанде аз маҳкумшудагон дар ҷараёни ҳабси пешакӣ мавриди шиканҷа ва кирдори бераҳмона қарор гирифтаанд. Адвокате, ки дар ҷараёни тамоми мурофиаи судӣ ҳузур доштааст, ба ҳомиёни ҳуқуқ иброз доштааст, ки ҳукумат ба айбдории судшавандагон ҳеҷ як далел пешниҳод накардааст.

«Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва дигар субъектҳои калидии байнулмилалӣ бояд аз ҳукуматдорони тоҷик озод кардани маҳкумшудагонро талаб кунанд. Бозигарони байнулмилалӣ бояд ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оваранд, то ки он уҳдадориҳои байнулмилалии худ оид ба риояи озодии баён, маҷлису динро риоя намояд ва бояд аз тадбирҳои муҷозотӣ истифода шавад, ба мисли қатъ кардани дороиҳо ва ҷорӣ намудани манъи раводид барои мансабдорони ҳукумати Тоҷикистон, ки ба аз озодӣ маҳрум шудани фаъолони осоишта, шиканҷа ва дигар амалҳои дағалона вайрон шудани ҳуқуқҳои инсон масъуланд», - таъкид месозанд муаллифони изҳорот.