Зимни ифтитоҳи ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба манзили аввалин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, ки рӯзи 8 июн аз олам даргузашт, ташриф оварда, шахсан ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуд.

Бо пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумон, вакилони мардумӣ  ба хотири аввалин президенти ҷумҳурӣ дақиқае сукут карданд.

Ш.Зуҳуров қайд кард, ки ӯ шахсан давоми зиндагиаш чун Қаҳҳор Маҳкамов одами бовиҷдону хоксортареро вонахӯрдааст. «Замони президентиаш Қ.Маҳкамов маро ба аъзогии ҳукуат пазируфт ва ман аз марҳум бисёр чизҳоро омӯхтаам»», - гуфт Зуҳуров.

Ӯ изҳори итминон кард, ки «хотираи Қ.Маҳкамов, ки барои кишвар ва мардуми он хизматҳои зиёд кард, абадӣ дар ёди мардуми тоҷик боқӣ хоҳад монд».

Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти аввалин президенти Тоҷикистон, ходими намоёни давлатӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба пайвыандони наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуд.