Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон изҳор медорад, ки ҳукм нисбаи аъзои фаъоли ҲНИТ садои мухолифинро дар Тоҷикистон сокит менамояд.

Дар изҳороти сафорати ИМА дар ин робита қайд мешавад, ки рӯзи 2-юми июни соли 2016 мурофиаи судӣ нисбат ба аъзоёни Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) анҷом ёфта, ду нафар айбдоршавандагон - муовинони Раиси ҲНИТ Саидумар Ҳуссайнӣ ва Маҳмадалии Ҳаит ба ҳабси абад маҳкум гашта, ёздаҳ нафар аъзоёни дигар бошанд, ба мӯҳлати то 28 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

«Аз Ҳукумати Тоҷикистон изҳори хоҳиш намудем, ки мурофиаи судӣ ба таври шаффоф ва боадолат гузарад. Инчунин хоҳиш ба амал омад, ки ҳуқуқи айбдоршудагон тавассути риоя намудани ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки таҳти Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудаанд, ҳимоя карда шавад», - омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, сафорати ИМА ба ҳукумат оид ба роҳ надодани аҳли ҷомеа ҷиҳати иштирок кардан ва мушоҳида намудани раванди мурофиаи судӣ нигаронӣ изҳор менамояд. «Ин ва дигар воқеаҳо, ки вақтҳои охир сурат гирифтаанд, садои мухолифинро сокит менамоянд ва ба ширкати озод дар раванди рушди демократӣ дар Тоҷикистон монеъ эҷод менамоянд», - қайд мешавад дар изҳорот.  

Зимнан зикр мегардад, ки сулҳу субот, амният ва шукуфоии мунтазам, ки Тоҷикистон барои ба он ноил гаштан кӯшиш ба харҷ медиҳад, танҳо тавассути зоҳир намудани ӯҳдадориҳои қавӣ нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи башар ва арзишҳои аслии озодӣ барои ҳамагон, инчунин таъмини раванди боадолати мурофиаи судӣ ва иштироки баробари шаҳрвандон дар раванди демократӣ ба даст хоҳад омад.      

Ёдрас мекунем, ки  Суди олии Тоҷикистон санаи 2 июн нисбати фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ  ҳукм содир намуда , муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.