Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба содир шудани амали террористӣ дар шаҳри Орландои ИМА ба президенти ин кишвар Барак Ҳусейн Обама барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мгардад, ки «хабари амали террористӣ дар шаҳри Орландои Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро, ки мӯҷиби ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандони кишвар гардид, бо андӯҳи бузург ва нафрати беандоза дарёфтам».

Дар барқия гуфта мешавад, мавҷи даҳшатангези терроризм, ки аслан на дин дораду, на ватану на миллат, имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифта, бори дигар зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин таҳдиди глобалӣ қотеъона таъкид менамояд.

«Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Амрико ва ибрози ҳамдардии инҷониб ба наздикону пайвандони қурбониён, хоҳони шифои комили маҷрӯҳшудагон ҳастем», - изҳор ҳамдардӣ мешавад дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи якшанбе, 12 июн шаҳрванди афғонитабори ИМА Умар Матин ба бинои маҳфили клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар Орландо ворид гардида, ба парронидани ҳозирин он пардохт, ки дар натиҷа 50 нафар кушта ва 53 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳангоми муқовимати мусаллаҳона бо кормандони пулис террорист кушта шуд. Баъдтар дар назди клуб инфиҷор ба амал омад, ки пулис онро «назоратшаванда» унвон кард. Масъулияти ин амали террористиро гурӯҳи Давлати исломӣ ба дӯш гирифт.