Сафири нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Суҳроб Олимзода рӯзи 14 июн ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан  Абдилдаев нусхаи эътимодномаи худро супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, сарвари идораи сиёсати хориҷии Қирғизистон сафирро ба муносибати таъин гаштанаш ба ин мақоми масъулиятнок табрик гуфта, ба вай дар таҳкими минбаъдаи пайвандҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни ду кишвар комёбиҳо таманно кард.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор доданд.