Дар Маҷмаи Умумии Созмони Милалаи муттаҳид рӯзи 14 июн  барои узвият дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ интихобот баргузор гардид, ки дар рафти он 18 аъзои нави Шӯрои мазкур интихоб гардиданд.

Тавре аз намояндагии Тоҷикистон дар СММ иттилоъ доданд, дар овоздиҳӣ аз 193 кишвари аъзо 185 кишвар ширкат намудаанд.

Тоҷикистон, ки дар қатори Хитой, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Корея дар Гуруҳи Осиё ва Уқёнуси Ором қарор дорад, соҳиби 183 овоз гардида, бори аввал дар таърихи худ ба узвияти Шӯрои мазкур барои солҳои 2017-2018 интихоб шуд.

Дар баробари Тоҷикистон аз Гуруҳи Осиё ва Уқёнуси Ором, инчунин Хитой бо 182 овоз, Аморати Муттаҳидаи Араб бо 180 ва Ҷумҳурии Корея бо 179 овоз интихоб гардиданд.

Илова бар ин аз гурӯҳҳои дигари минтақавӣ номзадиҳои Норвегия бо 177, Венесуеэла бо 177, Шветсия бо 176, Озарбойҷон бо 176, Федератсияи Россия бо 169, Британияи Кабир бо 172, овоз ва ғ. ба узвияти Шӯрои мазкур интихоб шуданд.