Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 12 июли соли 2016 роҳбари Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Маркус Мюллерро бинобар ба анҷом расидани мӯҳлати фаъолияташ ба ҳузур  пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳои  созанда ва мутақобилан судманди тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми мулоқот вазир ба сафир М. Мюллер барои саҳмаш дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва САҲА изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба мавсуф барои фаъолияти минбаъдааш муваффақият таманно кард.