- Гурӯҳи ошӯбгароне, ки шаби 15 июл ба табаддулоти давлатӣ дар Туркия талош варзид, як қисмати ночизи артиши Туркия мебошад, - иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» кордори муваққатии Туркия дар Тоҷикистон Озкан Гултекин.

Ба қавли ӯ, айни замон тамоми воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Туркия комилан дар тобеъияти раҳбарияти кишвар қарор дошта, уҳдадориҳои муқаррарии худро иҷро мекунанд. Ғайр аз ин, дипломат таъкид дошт, ки тамоми аслиҳаву муҳимоти ҷангии исёнгарон мусодира шудааст.

«То имрӯз ба гумони даст доштан дар кӯшиши табаддулоти низомӣ беш аз 6 ҳазор нафар боздошт ва зиёда аз 100 нафар ҷинояткорон кушта шуданд, - иброз дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» О.Гултекин. - Амалиёти поккории ҷонибдорони табаддулот идома дошта, бархе аз онҳо ихтиёрӣ худро таслим мекунанд».

Бино ба гуфти манбаъ, бар асари муқовиматҳои мусаллаҳона бо исёнгарон беш аз 190 шаҳрчандони кишвар ҳалок ва 1,4 ҳазор нафар захмӣ шуда, айни замон Туркия ҷиҳати истирдоди як гурӯҳи ошӯбгарон иборат аз 8 нафар, ки бо чархболи рабуда дар қаламрави Юнон фуруд омаданд, бо ҳукумати ин кишвар гуфтушунид дорад.

«Сарфи назар аз эътиқоди сиёсӣ, мардуми Туркия зидди исёнгарон бархост, - изҳор дошт О.Гултекин. - Ҳама ба ҳифзи давлат бархостанд, чунки мардум тақдири кишвари худро бо тарзу усуслҳои қонунӣ ҳал карданианд».

Дар ҳамин ҳол, дипломати турк хотиррасон намуд, ки ҳукумати Туркия табаддулоти давлатиро ба номи Фатуҳулло Гюлен, арбоби давлатӣ, ки кайҳост дар ИМА иқомат доранд, марбут медонад.

«Ҳукумати мо айни замон мехоҳад, ки симои ҳақиқии Фатҳулло Гюленро ба ҷаҳониён нишон диҳад. Мутаассифона, то имрӯз садои моро дар ин масъала ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иттифоқчиёнамон гӯш андохтан нахостанд», - илова кард О.Гултекин.

Ёдрас мекунем, ки шаби 15 ба 16 июл дар Туркия аз ҷониби низомиён кӯшиши табаддулоти давлатӣ сурат гирифт. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъди ҳодиса  бо пахши маълумоти расмӣ изҳор намуд, ки миёни нафароне, ки бар асари ҳодисаҳои кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия ҳалок ва маҷрӯҳ шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд. 

Дар доираи таҳкими тадбирҳои амниятӣ президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар бораи аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷангии нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар таҳти посбонӣ гирифтани ҳарими ҳавоии Туркия дастур дод.