Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Индонезия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 1 август бо президенти ин кишвар Ҷоко Видодо дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории судманд бо кишварҳои исломӣ ва минтақаи Осиёи Ҷануби Шарқӣ аҳамияти хосса дода рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро бо бузургтарин кишвари исломӣ – Ҷумҳурии Индонезия дорои аҳамияти муҳим меҳисобад.

Аз вазъи кунунии робитаҳои сиёсии ду кишвар қаноатмандӣ изҳор шуда, ҳамчунин таъкид шуд, ки ҳаҷми савдои хориҷӣ ва гардиши мол байни Тоҷикистону Индонезия шаҳодат аз он медиҳад, ки иқтидору имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар арсаи тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ то ҳол дар шакли матлуб ва самаранок истифода нашудаанд.

Ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои сохтмон, технологияҳои нав, сайёҳӣ, ҷалби сармояи Индонезия ба иқтисоди Тоҷикистон ва ғайра омодагӣ изҳор намуданд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокиротҳои сатҳи олӣ дар ҳузури сарони кишварҳо маҷмуи санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида Эъломияи муштарак байни Тоҷикистон ва Индонезия қабул гардид.

Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Индонезия оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии и Индонезия бо имзо қонунӣ гардонида шуд.

Ҳамчунин Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Индонезия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Агентии миллии мубориза бар зидди терроризми Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза алайҳи терроризм, Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Маркази гузоришҳои трансаксионии молиявӣ ва аналитикии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумотҳои молиявии кашшофии вобаста ба шустушӯи маблағҳо ва маблағгузории терроризм ба имзо расид.

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни музокироти ҳайатҳои расмӣ аз президенти Индонезия Ҷоко Видодо даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш мувофиқ ба  Тоҷикистон  сафари расмӣ анҷом диҳанд. Даъват бо камоли майл ва изҳори омодагии ҳамаҷониба  пазируфта шуд.