Имрӯз, 2 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакарта дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матботи сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз ҷумла баргузории Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии исломиро иқдоми муҳим барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои мухталифи раванди рушд ва дигар масъалаҳои мубрами иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир маънидод кард.

«Вазъи ҷаҳони имрӯза зудтағйирёбанда буда, бар асари чолишҳои нави ҷаҳонӣ ва афзоиши омилҳои зиёди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ суботи бозорҳои тамоми минтақаҳои олам халалдор ва суръати рушди иқтисодиёт паст шуда истодааст. Аз ин лиҳоз,чунин вазъи ҳассос моро водор менамояд, ки пайгирона дар ҷустуҷӯи ташаббусҳои тозаву роҳҳои муассири истиқрори суботи фарогир ва ба ин манзур таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳоямон бошем ва вазифаи умумии мост, ки замина ва механизмҳои нави ҳамкории самарабахши ҷавобгӯ ба манфиату ормонҳои мардумонамонро пайдо намуда, татбиқи онҳоро ба роҳ монем», - гуфт Э.Раҳмон.

Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, мусоидат ба ҳамгироии бештар васеъ, фаъол гардонидани дастгирии ҳамдигар, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои Тоҷикистонмо бояд дар сатҳи ҳадафҳои стратегӣ қарор гиранд.

Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини пешрафти соҳаи соҳибкорӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягозорӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он дошт, ки дар чунин шароит Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии худро бо ҳамаи мамлакатҳои дӯст ва шарикони рушд, ҳамчунин созмону муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ тақвият бахшида ба рушду тараққиёти бештару хубтар ноил гардад.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳамшарикии зич бо кулли кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла олами ислом буда, хоҳони ҳамкории васеъ ва воқеӣ бо онҳо дар ҳамаи соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат,беҳтаргардонии кори минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳӣ ва экологию солимгардонӣ мебошад», - таъкид дошт сарвари давлати Тоҷикистон.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон мусоидат ба ҳамгироии бештару васеъ, фаъол гардонидани дастгирии ҳамдигар, таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои мо бояд дар сатҳи ҳадафҳои стратегӣ қарор дода шаванд.