Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) итминон медиҳад, ки то охири сол шумори аъзояш беш аз ним миллионро ташкил хоҳад дод.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки танҳо давоми 6 моҳи соли равон беш аз 230 ҳазор нафар аъзои нав ба сафҳои ҳизб пайвастаанд, ки асосан ҷавонон мебошанд. 

«Мо интизорӣ дорем, ки то охири соли шумори ҷонибдорони ҳизб аз ним миллион нафар зиёдтар мешавад», - қайд кард номбурда.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки наздики 40%-и онҳо ҷавононанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.