Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико (USCIRF) дар гузориши наваш, ки 10 август нашр шуд, ҳукумати Тоҷикистонро барои эҷоди маҳдудиятҳои мазҳабӣ натанҳо барои мусулмонҳо, балки барои фирқаҳои протестант ва "Шоҳидони Яҳво"-и дини масеҳӣ танқид намуда, дар қатори кишварҳои "махсусан нигаронкунанда" ҷой додааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , дар ин гузориш аз давлати Тоҷикистон хоста шудааст, кибарои боздиди Гузоришгари махсуси СММ дар масоили озодиҳои мазҳабӣ ва Созмони мустақили адлия аз кишвар иҷоза дода ва шароити заруриро фароҳам орад.

Дар идомаи гузориш гуфта шудааст, иддае аз мақомдорони тоҷик ба ҷараёни мамнӯи "Салафия" ва бахше дигар ба мазҳаби шиа гаравида, ин раванд боис ба нигаронии ҳукумати кишвар шудааст. Дар ин гузориш аз номи маркази таҳлилии "Шарқ" таъкид шудааст, ки "Салафия миёни элитаҳои тоҷик маъруфият касб кардааст."

Комиссия дар гузориши наваш ба манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва зиндонӣ шудани ҳудуди 200 аъзо ва тарафдоронаш низ ишора карда гуфтааст, мақомот масҷиду намозгузоронро ба хотири ҳузури ифротиҳо ё ҷинояткорон таҳти назорати шадид гирифтаанд.

Ба навиштаи ин гузориш, “маҳдудиятҳо дар пӯшиши либоси исломӣ ва синни рафтан ба ҳаҷ низ эҷод шуда ва аз моҳи апрели соли гузашта ҷавонони то 35-сола аз ҳаққи рафтан ба ҳаҷ маҳрум шудаанд. Кумитаи давлатӣ оид ба дин интихоб ва фаъолияти имом-хатибҳои масҷидҳои Тоҷикистон ва мундариҷаи мавъизаҳоро назорат мекунанд.